Шурӯъ аз 1 май ҳаракати «Hyundai Starex»-ҳо дар роҳҳои марказии пойтахт қатъ карда мешавад

Апрель 27, 2018 13:55

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 майи соли равон ҳаракати микроавтобусҳои тамғаи «Hyundai Starex» дар роҳҳои марказии пойтахт қатъ гардида, фаъолияти онҳо дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ин тадбир бо мақсади аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, коҳиш додани шумораи нақлиётҳое, ки ба мусофиркашонӣ мутобиқ нестанд, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина роҳандозии автобусҳои наву замонавии ғунҷоишашон калони ба мусофиркашонӣ махсусгардонидашудаи «AKIA» мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаракати микроавтобусҳои тамғаи «Hyundai Starex», ки дар хатсайрҳои №2,№8, №13, №16 ва №25 аз кӯчаҳои марказии пойтахт убур менамоянд, қатъ карда мешавад.

Дар ин росто,  ба ҷои микроавтобусҳои «Hyundai Starex» микроавтобусҳои тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», «Volkswagen», «IVECO» ва ҳамчунин то охири сол беш аз 100 автобуси  «AKIA»,  ки тибқи қарордоди баимзорасонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия, дар корхонаи муштараки тоҷикию туркии «AKIA-AVESTO» дар шаҳри Душанбе истеҳсол мегарданд, барои хизматрасонии мусофирон сафарбар карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки микроавтобусҳои «Hyundai Starex» аллакай аз хатсайри №28 бароварда шуда, дар хатсайри №36 ба роҳ монда шудаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки истифодаи микроавтобусҳои «Hyundai Starex» дар роҳҳои пойтахт ҳамчун нақлиёти мусофиркашонӣ мувофиқ набуда, барои мусофиркашонӣ пешбинӣ нагардидааст, зеро он дорои 7 ҷои нишаст ва як дар аст, ки барои мусофирон нороҳатиро ба миён меорад. Автобус бошад, нақлиёти  ҷамъиятӣ буда, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии  мусофиркашонист, зеро ғунҷоишаш калон  ва барои шахсони имконияташон маҳдуд, хусусан маъюбон мувофиқ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар роҳҳои пойтахт ҳамарӯза беш аз 2 ҳазору 200 адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд, ки аз ин омор 200 ададро — автобус, 76 ададро — троллейбус  ва наздик ба  2000 ададро — микроавтобусҳо ташкил медиҳанд. Инчунин дар пойтахт 68 хатсайри мусофирбар, аз ҷумла 45 хатсайри микроавтобусҳо, 15 хатсайри автобусҳо ва 8 хатсайри троллейбусҳо фаъолият менамояд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»  Фирдавс Саидзода иттилоъ дод, фосилаи ҳаракати автобусҳо дар соатҳои афзоиши анбуҳи мусофирон дар хатсайрҳои №1,№2,№3, №7, №8,№18 ва №28 аз 3 то 5 дақиқа ва дар давоми рӯз аз 5 то 7 дақиқаро ташкил медиҳад.

Апрель 27, 2018 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст