Соли равон дар вилояти Суғд майдони кишти картошка беш аз 5,5 ҳазор гектар зиёд гардид
ХУҶАНД, 05.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои кишти саҳроӣ, аз ҷумла, кишти зироати баҳорӣ босуръат ҷараён доранд.
Чуноне ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, соли равон кишоварзони вилояти Суғд азм гирифтаанд, ки майдони кишти картошкаро 5615 гектар зиёд намуда, ба ин восита дар фаровон гардонидани бозори дохилии кишоварзӣ ва арзон намудани нархи аслии маҳсулот саҳми назаррас гузоранд.
Агар соли 2017 дар вилоят майдони кишти картошка 8935 гектарро ташкил дода бошад, пас соли равон он ба 14 ҳазору 550 га расонида мешавад. То 3 апрел дар майдони 3525 га кишти картошка анҷом дода шуд. Дар маҷмӯъ, аз 14 ноҳияи кишоварзии вилоят майдони бештари кишти картошка дар ноҳияҳои Деваштич (3200 га), Панҷакент (3000 га), Истаравшан (2500 га), Кӯҳистони Мастчоҳ (1600 га), Шаҳристон (1500 га) ва Исфара (1000 га) ҷойгир буда, то имрӯз дар ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Б.Ғафуров ва Ашт корҳои кишоварзӣ хубтар ба роҳ монда шудаанд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






