ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 апрел, ҷумъа, 103-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
13 апрели соли 2015 дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯз, 13 апрели соли 2016 дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мавзӯи «Муколамаи миллӣ оид ба захираҳои об дар самти идоракунии захираҳои обии Идоракунии ҳамгирои захираҳои об (ИУВР) дар Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба об» баргузор шуд.
13 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии рок.
***
Дар Тайланд Соли нав.
РӮЙДОДҲО:
13 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуданд.
***
13 апрели соли 2000 «Хонаи савдои Тоҷикистону Беларус» ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯз, 13 апрели соли 2003 дар Душанбе нишасти Шӯрои Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал доир гардид.
***
11 сол қабл, 13 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Эвана Фейгенбаума конфронс таҳти унвони «Имрӯз ва ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Америка» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1814 дар Донишгоҳи Гиссенс унвони номзади илмҳои фалсафиро писарбачаи 13-сола Карл Витте соҳиб гашт, ки дар илми ҷаҳонӣ ҷавонтарин олим маҳсуб меёбад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 Кушодашавии аввалин ҳавопаймои боркаш ба самти Детрой — Чикаго (ИМА) ифтитоҳ ёфт.
***
Соли 1902 дар Петербург озмоиши нахустин троллейбус дар Россия доир гардид.