ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 16 апрел, душанбе, 106-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 16, 2018 08:07

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

16 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.

 16 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Арманистон рӯзи кормандони милитсия.

***

Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Болгария.

 РӮЙДОДҲО:

16 апрели соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи ташкили корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз»-ро ба имзо расониданд.

***

5 сол қабл, 16 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид.

***

Дар ин рӯз, 16 апрели соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди 6-умин миллионаи кишвар таваллуд шуд.

***

16 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи шаҳр кушода шуд.

***

16 апрели соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи дастрасии ба иттилоот»-ро қабул намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи эълон намудани соли 2014 ҳамчун Соли футболи оммавӣ» ба имзо расониданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1905 Дар Россия аввалин иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи матбуоти даврӣ таъсис дода шуд.

***

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» баргузор гардид.

Апрель 16, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш