ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 17, 2018 08:06

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

17 апрели соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

***

Дар ин рӯз, 17 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар Мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

17 апрели соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

 17 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии бемории гемофилия.

***

Дар Япония  рӯзи ҳифзи кӯдакон.

 РӮЙДОДҲО:

17 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯз, 17 апрели соли 2003 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон директори ширкати «Джи Эн Ай Инвестмент ЛТД» Натаниел Ротшилдро ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 сол қабл, 17 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми тиҷоратӣ миёни  Тоҷикистону Литвия баргузор гардид.

***

17 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ба кори худ шурӯъ кард.

***

17 апрели соли 2009 дар машқгоҳи низомии Фахробод машқҳои зиддитеррорисии якҷояи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай «Норак – Антитеррор – 2009» доир гашт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи телевизионии «Дар олами ҳайвонот», ки ровии он Александр Згуриди буд, нахустин маротиба пахш гардид.

 

Апрель 17, 2018 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст