ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 22 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
22 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи дўстии «Франсия — Осиёи Марказӣ» — и Сенати Ҷумҳурии Франсияро ба ҳузур пазируфтанд.
***
22 апрели соли 2016 дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузоштанд.
22 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии Замин.
***
Рӯзи мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
22 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамоҳангсози нави доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев эътимоднома кабул намуданд.
***
3 сол қабл, 22 апрели соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода студияи нави телевизионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
***
22 апрели соли 1957 нахустин Маркази барқу гармдиҳии Душанбе ба кор шурӯъ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1969 дар Хюстон аввалин ҷарроҳии пайвандсозии чашми инсон гузаронида шуд.