ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 23 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 23, 2018 08:00

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад

 

23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои се ошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар ба истифода дода шуд.

***

23 апрели соли 2015 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединский дар доираи Ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои — аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017 ба имзо расониданд.

23 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.

***

Рӯзи забони англисӣ.

РӮЙДОДҲО:

23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.

***

Дар ин рӯз, 23 апрели соли 2015 нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.

***

23 апрели соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.

***

60 сол қабл, 23 апрели соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

23 апрели соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шӯравӣ «Молния-1» ба кайҳон равон карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Перебург-и Россия нахустин маротиба Намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.

***

Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 107 нафар ҷони худро аз даст доданд.

 

Апрель 23, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш