ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 апрел, панҷшанбе, 95-умин рӯзи соли 2018 аст

Апрель 5, 2018 08:07

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

5 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 5 апрели соли 2016 ба иттилои агентии афғонии «Hama Press» дар натиҷаи таркиш дар қисмати марказии Афғонистон 6 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Ба иттилои манбаъ, маводи таркандаи дар зери мошин буда дар яке аз мактабҳои ноҳияи Сиёгарди вилояти Парвон ба кор дароварда шуд.  Миёни фавтидагон ва захмбардоштагон кӯдакон, занҳо ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буданд.

5 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ниҳолнишонӣ дар Кореяи шимолӣ.

***

Дар Исландия рӯзи аввали тобистон.

РӮЙДОДҲО:

5 апрели соли 1930 экспедитсияи Тоҷикистон-Помири Академияи илмҳои Шӯравӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1930 рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло  «Ҷавонони Тоҷикистон») таъсис ёфтааст.

***

5 апрели соли 1996 дар шаҳри Душанбе аввалин агентии мустақили Тоҷикистон «Азия-Плюс» ба кори худ оғоз намуд.

***

Дар ин рӯз, 5 апрели соли 1996 дар ҷараёни вохӯрии худ дар Шанхай сарони давлатҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон созишнома дар бораи пурқувватсозии соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои байнисарҳадиро ба имзо расониданд.

***

8 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2010 Котиби генералии СММ Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1993 бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ширкати нефти  «Лукойл» таъсис ёфт.

Апрель 5, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст