ТАШХИСИ РОЙГОН ДАР ПАЖЎҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ 7 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ барномаи ҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» баргузор мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин барнома, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо доир мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар ташхисҳо ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана ҳамасола дар тамоми муассисаҳои саломатӣ «Рӯзи дарҳои кушод» эълон мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






