«Таъсири шабакаҳои интернетӣ дар мафкураи ҷавонон», — зери ин унвон КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 18 апрели соли равон дар толори Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таъсири шабакаҳои интернетӣ дар мафкураи ҷавонон» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар конференсияи мазкур фаъолҷавонони шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои кор бо занон, кор бо ҷавонон, таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе конференсияро ифтитоҳ бахшида, доир ба мақсад ва моҳияти баргузории конференсия ибрози андеша намуд. Баъдан, аз рӯи барномаи конференсия Тоҷиддин Ассомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) дар мавзӯи «Мазмуни мундариҷаи таблиғгарони гурӯҳҳои террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ», Муҳаммад Вализода, роҳбари Маркази таҳлил ва омодасозии мутахассисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар мавзӯи «Ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии интернет», Афзалшо Дӯстзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ силоҳи калидӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақа» маърӯзаҳо карданд.
Ҳамчунин зимни баргузории конференсия доир ба мавзӯъҳои маърӯзагардида саволу ҷавоб сурат гирифт.










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






