ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ! Пагоҳ кормандони вазорату идораҳо ба машқи пагоҳирӯзӣ мебароянд

Апрель 6, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  7 апрел кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон  дар «Боғи ҷавонон», Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон дар якҷоягӣ бо Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ ва Агентии хизмати давлатӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодаи иншооти варзишии оммавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки тадбири мазкур тибқи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ сурат мегирад.

Зикр шуд, ки варзиш гарави саломатӣ буда,  ҳамарӯза аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус  ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ равона карда мешавад. Аз ин рӯ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» тасдиқ гардидааст. Дар асоси нақшаи мазкур  кормандони вазорату идораҳо бояд дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок кунанд.

Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур  дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

 

Апрель 6, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад