Тоҷикистон ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ворид гардид

Апрель 9, 2018 15:46

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар радифи Қирғизистон, Миср, Марокаш ва Тунис ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (Global Textiles and Clothing programme — GTEX) ворид гардид, ки маблағгузораш Ҳукумати Швейсария ва иҷрогараш Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) мебошанд.

Ҷиҳати муаррифии барномаи GTEX ба ниҳодҳои давлатию бахши хусусии Тоҷикистон ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Армен Заргарян  9 апрел ба Душанбе омад. Интизор меравад, ки  Армен Заргарян зимни  сафараш, ки то 14 апрел идома меёбад, чорабиниҳо ва бахшҳои калидии барнома, механизм ва равишҳои иҷрои онро бо ҳамкорон аз ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ кунад. Барномаи нави чаҳорсола, ки барои солҳои 2018-2021 тарҳрезӣ шудааст, мақсад дорад, ки содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз Тоҷикистонро боло барад ва ба ин восита дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ва имконияти дарёфти даромад барои тамоми соҳа фароҳам орад. Барномаи мазкур  ба кишварҳои интихобшуда ҷиҳати роҳандозии тиҷорати рақобатпазиру  устувор ва ҷойҳои  корӣ, махсусан барои занону ҷавонон шароит фароҳам меорад.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва ояндадори содиротӣ дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Аз нигоҳи ҳаҷми содирот бо шумули содироти нахи пахта ин соҳа дар мақоми дуюм қарор дорад. Бо вуҷуде, ки феълан Тоҷикистон тақрибан 90%-и нахи пахтаашро ҳар сол содир мекунад, ҷумҳурӣ ҷиҳати бунёди занҷираи комили коркарди ашёи хом ба маҳсулоти тайёр қадамҳои стратегӣ гузошта, ният дорад ба бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти тайёри нассоҷии «Истеҳсоли Тоҷикистон» барояд.

Дар ин росто муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода муҳим будани соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои иқтисоди кишварро таъкид намуда, гуфт: «Тоҷикистон кишвари пахтапарвар мебошад ва мо талош дорем, то дар дохили ҷумҳурӣ коркарди пурраи пахтаро то  расонидан ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монем. Бо дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, шарикони  мо аз Ҳукумати Швейтсария ва МТБ дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – гузариш аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба иқтисоди саноатӣ-аграрӣ мусоидат менамоянд».

Бо такя ба дастовардҳои қаблии МТБ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон, лоиҳа дастгирии корхонаҳои мунтахаби хурду миёнаи соҳаро идома дода, онҳоро ба бозорҳо ва шабакаҳои фурӯш пайваст менамояд.

Апрель 9, 2018 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд