Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории гумрукиро тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории гумрукиро ба роҳ монда, тақвият мебахшанд. Дар ин росто, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ»-ро тасдиқ намуд. Санади мазкур, ки моҳи декабри соли 2017 дар шаҳри Абу-Дабӣ ба имзо расонида буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон барои тасдиқ ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардид.
Созишномаро дар Парлумони ҷумҳурӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадафи созишнома таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини баҳисобгирии амиқ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳою хироҷҳо ҳангоми воридоту содироти молҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, пешгирии гардиши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мебошад. Инчунин самти дигари санади мазкур ҳамзамон ба мубодилаи иттилоот, табодули таҷриба байни мақомоти гумруки ду давлат ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ равона гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






