Тоҷикистон маротибаи ҳафтум дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул иштирок менамояд

Апрель 14, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон маротибаи ҳафтум риштаи пахтагини худро дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 14-ум то 17-уми апрели соли равон дар пойтахти тиҷоратии Туркия доир мегардад, пешниҳоди муштариён мегардонад.

Тавре аз намояндагии Маркази байналмилали тиҷорат /МБТ/ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, панҷ корхонаи  ресандагӣ – «Ваҳдат Текстил», «Ноҳид», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Спитамен Текстайлз» ва «ХИМА Текстил» Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ муаррифӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки сафари ҳайати Тоҷикистон ба Истанбул ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати МБТ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи  Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МБТ  сурат мегирад. Намояндагони ширкатҳои консалтингии «Business Consulting Group» ва «ACT Development Group» ҳайати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд.

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон хоҳад буд.  Дар намоишгоҳи мазкур,  ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.

Ба гуфтаи Ардашер Иброҳимов, муовини мудири ширкати «Business Consulting Group», намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо истеҳсолкунандагони  маҳсулоти нассоҷии минтақа мулоқот намоянд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд ва бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда ва тоҷирон тамос барқарор намоянд.

Тавре Мирзоқодир Бақоев, мудири ширкати «Спитамен Текстайлз» ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт: “иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем”.

 

 

Апрель 14, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад