Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар соҳаи тиб ва тандурустӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Беларус Валерий Малашко мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро дар соҳаи тиб ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо, афзоиш додани воридоти маҳсулоти тиббии истеҳсоли Беларус ва созмон додани ширкатҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз захираҳои табиии ватанӣ ва гиёҳҳои шифобахш мубодилаи афкор намуданд .
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳавасмандӣ зоҳир намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






