Тоҷикистону Фаластин робитаҳои фарҳангиро густариш медиҳанд

Апрель 24, 2018 15:13

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин оид ба Осиё ва Африқо Мозин Шомия мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Фаластин табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳким бахшидани ин робитаҳо иброз доштанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Фаластин дар Тоҷикистон ва иштироки намояндагони ду кишварро дар чорабиниҳои фарҳангии якдигар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (иқоматгоҳаш дар шаҳри Тошканд) Муҳаммад Таршаханӣ низ иштирок дошт.

Апрель 24, 2018 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст