«ТУ БЕҲТАРИН!». Меҳрона Ғайбуллоева ба ғолибият наздик мешавад

Апрель 6, 2018 10:15

ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов Меҳрона Ғайбуллоева, дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии НТВ-и  Федератсияи Россия ширкат варзида, ба даври дуюми мавсими дуюм роҳ ёфт.

Тавре муовини директор оид ба таълими Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Баҳром Назаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Меҳрона Ғайбуллоева  бо садои дилнишин ва лаҳни гуворои худ аҳли толорро мафтун намуда, баҳои баланди доваронро сазовор гардида, ба даври дуюми мавсими дуюми ин озмун баромад.

Ба гуфтаи Баҳром Назаров, ҷамъбасти озмун моҳи равон дар назар дошта шуда, дар ҷамъбасти ниҳоӣ аз ҷониби ташкилкунандагони озмун консерти калон доир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур 82 навраси 8-18-сола аз Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд.

Апрель 6, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад