Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд

Апрель 21, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли равон дар шаҳри Бухарест миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд. Ҷониби Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҷониби Руминияро Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ Данут Некулаеску роҳбарӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Руминия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо оид ба роҳандозии робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, инчунин густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Руминия дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, ба вежа Созмони Милали Муттаҳид, мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

 

Апрель 21, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад