«ҶУМҲУРИЯТ» — НАШРИЯИ СЕРХОНАНДАТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе натиҷаҳои тадқиқотии Маркази «Зеркало» муаррифӣ гардиданд

Апрель 6, 2018 14:52

ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.

Тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд,  ба ин натиҷа расидааст.  Омори мазкур имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон- «Бонувони Тоҷикистон» (44,9%) дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дин ва ҷомеа» (10,4%) ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи «Фирӯза» (5,2%) меистанд.

Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии «Сафина»-ро тамошо мекунанд. Инро 60,1 %-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд.  Ин омор имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» (собиқ Шабакаи якум) бо 50,1% ва дар ҷойи сеюм ТВ «Баҳористон» бо 30,5% қарор гирифтаанд.

Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Россия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18,3%-ро ишғол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки шабакаҳои телевизионии Россия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои пасошӯравӣ рейтинги баланд ишғол мекунанд. Пас аз Россия бо 9,7% шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин радиои   Радиои «Садои Душанбе» (28%) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4%) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3%) қарор гирифтаанд.

Зимни муаррифӣ таъкид шуд, ки шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2%), дар ҷойи дуюм интернет (11,5%) қарор дорад.

38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60,6 фоиз истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил дод.

Истифодабарандагони асосии интернет ва дигар навъҳои муосири алоқаи оммавӣ ва технологияҳои муосир (мессенҷерҳо, почтаи электронӣ) ҷавонони аз 18 то 35-40 сола мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки насли нисбатан калонсол ба ВАО-и анъанавӣ талабот дорад.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои тақиқот ба суолҳои муҳим посух дода, нишон медиҳанд, ки ВАО-и анъанавӣ бояд дар кадом самт рушд кунад ва чӣ пешомадҳо дорад. Тадқиқоти мазкур доираи ВАО-и пешрафтаро муайян кара, барои интихоби самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи соҳа ва ё ВАО-и алоҳида ёрӣ мерасонад.

Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» буда, аз декабри соли 2017 то феврали соли 2018 гузаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар он зиёда аз ду ҳазор нафар посухдиҳандагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

         Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2018 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст