«Ҳунарҳои мардумӣ: мушкилот ва дурнамо», — пагоҳ таҳти ин унвон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар доир мегардад

Апрель 30, 2018 15:54

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи мазкур хабар доданд,  баргузории мизи мудаввар рӯзи 1 майи соли равон дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот соати 10:00 дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар кори мизи мудаввар олимону пажӯҳишгарон дар мавзӯъҳои «Баррасӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳунармандон дар Тоҷикистон», «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон», «Вазъи ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд», «Ҳанарҳои анъанавии бонувон дар ВМКБ» ва ғайраҳо маърӯзаҳо хоҳанд кард.

 

Апрель 30, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд