ҚУРБИ АСЪОР: имрӯз дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон нархи 1 евро аз 10.9300 то 12.6200 сомонӣ муқаррар гардидааст
ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 18 апрел қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8500 сомонӣ, 1 евро = 10.9448 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1437 сомонӣ.
Имрӯз,18 апрел қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8700 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.9300 то 12.6200 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1437 то 0.1445 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






