Устод Садриддин Айнӣ – муосири ҳама давру замонҳо
ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 140-солагии бунёдгузори адабиёти нави тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ нашрияи иттифоқи нависандагон – ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» шумораи навбатии худро ба зиндагии пур аз шебу фароз ва эҷодиёти серпаҳлӯи ӯ бахшидааст. Саҳифаи аввалро акси муҷассами муҳташами устод оро медиҳад, ки яке аз ёдгориҳои таърихии пойтахти кишварамон маҳсуб мешавад.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон доираи васеи матлабҳои гуногун – шеърҳои зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ҳамчунин шоирони хушзавқ Гулрухсор ва Аскар Ҳаким, мақолаҳои нависанда Саттор Турсун ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки аҳамияти шахсият ва мероси адабии Садриддин Айниро дар ҳаёти ҷомеаи мо, қаҳрамонии таърихӣ, адабӣ ва илмии ӯро бозгӯ менамоянд, пешниҳод гардидаанд. Олим, шоир ва нависандаи барҷаста, барандаи аввалин Ҷоизаи байналмилалии давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саид Нафисӣ, ки тамоми умри худро сарфи таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷику форс кардааст, бо устод Айнӣ шинос буд ва дар тадқиқоти худ борҳо ба асарҳои ӯ истинод намудааст. Дар шумораи мазкур хотираҳои мухтасари Саид Нафисӣ, ҳамчунин Шоири халқии Ӯзбекистон, академик Ғафур Ғулом дар бораи вохӯриҳо ва суҳбатҳо бо устод Айнӣ нашр шудаанд.
Ҳанӯз дар фарҷоми асри 19 С. Айнӣ ба арсаи адабиёт ҳамчун шоири навовар қадам гузошт. Дар шумора намунаҳои осори фанонопазири манзуму мансури устод оварда шудаанд.
Ҳамчунин гулчини мактубҳои С. Айнӣ ба унвонии Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва Абдусалом Деҳотӣ хеле ҷолиб аст. Дар очерки сафари С. Улуғзода «Сафари Бухоро бо устод Айнӣ» хислатҳои наҷиби инсонии устод, хайрхоҳӣ, хоксорӣ, таваҷҷуҳ ба ҳама падидаҳои тоза дар ҳаёт ба пуррагӣ аён мегарданд.
Аз мақолаи муҳаққиқи адабиёти муосир С. Шукурова хонанда огоҳӣ меёбад, ки асарҳои устод Айнӣ дар тарҷума ба забонҳои аврупоӣ дар кишварҳои Ғарб низ маъруф будаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим шеъри дилчасперо ба муҳаққиқи эҷодиёти С. Айнӣ, мусташриқи номии олмонӣ ва дӯсти халқи тоҷик Манфред Лоренс бахшидааст.
Вақте кас шумораи мазкури ҷашниро варақгардон мекунад, бори дигар итминон ҳосил менамояд, ки устод Айнӣ ҳатто бо гузашти солҳо аз рӯзи фавти хеш чун пешина муосири мо боқӣ мемонад ва барои ҳама давру замонҳо чунин боқӣ хоҳад монд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






