«ВАРЗИШ-ГАРАВИ СОЛИМИИ ҶОМЕА». Ҷоми вазир — насиби варзишгарони Сарраёсати маорифи пойтахт гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми вазир байни сохторҳои вазорат ва муассисаҳои таълимӣ таҳти шиори «Варзиш-гарави солимии ҷомеа» мусобиқаи футбол доир намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур 28 даста аз сохторҳои тобеъ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт иштирок карданд. Дар натиҷа дастаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Дар бозии ниҳоӣ, ки 25 апрел дар майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и пойтахт баргузор гардид, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дода, соҳиби ҷойи аввал ва Ҷоми вазир шуд. Ҷойи сеюми мусобиқаро дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиб гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иштирок карда, ба ғолибон ифтихорномаву медалҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






