Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар Гран-прии Анталия иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 6-8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкати 350 нафар варзишгарон аз 52 кишвар дар назар аст.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз шаш варзишгар: Наврӯз Каримзод дар вазни 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, ҳарду дар вазни 73 кг, Акмал Муродов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг намояндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






