Вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар баъзе аз кӯдакистонҳои шаҳри Хоруғ ба талабот ҷавобгӯ нест
ХОРУҒ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи бехатарӣ аз сӯхторро дар кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ мавриди санҷиш қарор доданд. Сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Шолангаров зимни санҷиши вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар кӯдакистони рақами яки шаҳри Хоруғ дар суҳбат бо мудири ин кӯдакистон изҳор намуд, ки ҳодисаи фалокатбор дар маркази савдои шаҳри Кемероваи Россия барои мо бояд дарси ибрат бошад.
Тафтиши пешакӣ нишон дод, ки агар ҳар як корманд дар ин маркази савдо нисбат ба вазифаи ишғолнамудааш ба таври ҷиддӣ муносибат мекард, ҳаргиз чунин ҳодисаи пурфоҷиа рух намедод. Сабаби ҳамаи сӯхторҳо дар саросари дунё- ин васли нодурусти ноқилҳо, бухориҳои барқии худсохт ва дар назди кӯдакон гузоштани маводи зуддаргиранда мебошад.
Илова бар ин ҳангоми рух додани сӯхтор агар асбобу олоти зиддисӯхтор корношоям ё тамоман вуҷуд надошта бошанд, баромадгоҳи эҳтиётӣ баставу дар рӯи тиреза панҷараи оҳанин бошад, пас ин сӯхтор ба фоҷиаи инсонӣ оварда мерасонад. Ҳар як мураббӣ бояд бо тарзи истифодаи дастгоҳҳои хурди оташнишонӣ шинос бошад, то дар лаҳзаи зарурӣ аз ин дастгоҳҳо истифода барад.
Санҷиш нишон дод, ки дар назди 5 муассисаи томактабӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 5 ҳавзи нигоҳдории об мавҷуданд. Тирезаҳои ду кӯдакистон ҳанӯз ҳам панҷараи оҳанин доранд, ҳарчанд ки се моҳ пеш онҳо ба таври хаттию шифоҳӣ дастур гирифтанд, ки дар зудтарин фурсат ин панҷараҳо аз тирезаҳо бардошта шаванд.
Сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят гуфт, ки кормандони онҳо амалиёти санҷиширо дар муассисаҳои дигари шаҳр идома медиҳанд. Дар сурати риоя накардани талаботи зидди сӯхтор онҳо ба хотири бехатарии ҷону моли мардум маҷбуранд фаъолияти ин гуна муассисаҳоро то ислоҳ кардани камбудиҳо муваққатан боздоранд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






