Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Беларус рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 марти соли 2018 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов сурат гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот мавзӯъҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, инчунин масоил вобаста ба омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ, ки 6 апрели соли равон дар шаҳри Минск баргузор мегардад, баррасӣ гаштанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






