Вохӯриҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания

Апрель 7, 2018 10:19

ДУШАНБЕ, 07.04.2018 /НИАТ «Ховар»/. 4-5 апрели соли 2018 Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Шоҳигарии Испания  Ҷамшед Ҳомидов ба Шоҳигарии Испания сафари корӣ  анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти сафар рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ мулоқотҳои Сафир бо Директори Генералии корҳои аврупоии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории Шоҳигарии Испания Хуан Лопес-Ҳеррера ва Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории Шоҳигарии Испания Элена Перес-Виллануева барпо шуданд.

Рӯзи 5 апрели соли 2018 маросими тантанавии супоридани эътимодномаҳои Сафир ба Аълоҳазрат, Шоҳи Испания Филиппи VI баргузор гардид.

Сипас, Сафир аз қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ дар ш. Мадрид боздид карда, масъалаи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон, хусусан дар партави эълон намудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо Директори минтақавии Аврупо, Изабел Гараня мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Апрель 7, 2018 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад