Вохӯрии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо вазирони корҳои хориҷии СҲШ

Апрель 24, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрели соли 2018 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар Пекин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ ва роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи Созмони мазкурро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрии мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар тӯли 17 соли фаъолияти худ СҲШ роҳи ғайриодии рушдро паси сар намуда, ба як ташкилоти мукаммалу бонуфӯзи минтақавӣ табдил  ёфт.

Айни замон дар доираи  СҲШ ҳамкории кишварҳои узви Созмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният, робитаҳои хориҷӣ ва бунёди ниҳодӣ устуворона пеш мераванд.

Чин омода аст, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сиёсӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа талош варзад, сатҳи ҳамоҳангиро баланд бардошта, дар ҷанбаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” механизми равобити минтақавии иқтисодиро таъсис диҳад ва алоқаҳои фарҳангиро вусъат бахшад.

Апрель 24, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд