Зоир Раҳмонзода: «Таъсиси курсҳои бозомӯзӣ-талаботи ҷомеаи муосир аст»
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 марти соли равон бори нахуст Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзии кӯтоҳмуддат баргузор мекунад.
Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсади ташкили курсро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода баланд бардоштани ҷаҳонбинии сиёсии кормандони масъули ҳизбии шаҳри Душанбе ҷиҳати дарки саривақтии авзои сиёсии ҷомеа, зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои ноустувори он, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ ва омода намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҲХДТ арзёбӣ намуд.
«Курси мазкур ду моҳ идома карда, барои гузаронидани омӯзишҳо олимону коршиносони соҳа ҷалб шудаанд. Хатмкардагон дар баробари такмили донишҳои сиёсии худ дорои Сертификати махсус мешаванд»,-иброз дошт Зоир Раҳмонзода.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






