12 май дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 май дар саросари мамлакат Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Фестивали мазкур бо мақсади оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бо доираи васеи варзишгарон, бозиҳои дӯстона ва машқу тамринҳо дар боғҳои марказӣ ва майдончаҳои варзишӣ диор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки маросими кушодашавии Фестивал дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои назди варзишгоҳи марказии пойтахт соати 8:00 баргузор хоҳад шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






