12 МЕДАЛИ ТИЛЛО! Дастаи миллии мактаббачаҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон сазовори ҷои аввал гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 26 майи соли 2018 дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Олимпиадаи 7-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид, ки дар он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бевосита Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 27 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо роҳбарии омўзгорони Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе Одил Маматов ва Равшан Каримов ширкат варзиданд. Дар ин олимпиада дастаи миллии мактаббачагони Тоҷикистон сазовори ҷои аввал шуд. Дар ин бора аз Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар Олимпиада толибилмон аз 15 кишвари олам, аз ҷумла, аз Ҳиндустон, Тоҷикистон, Афғонистон, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бангладеш, Непал, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Руминия иштирок намуданд. Дар Олимпиадаи мазкур толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз қабили хонандагони Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Литсей-интернати Президентӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш. Душанбе ва Литсейи инноватсионии Душанбе зери роҳбаладии омӯзгорон ва мутахассисони Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Бори дуввум аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки дастаи мунтахаби Олимпии шаҳри Душанбе дар иттиҳодияҳои таълимии математикаи Маркази рушди истеъдодҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ таҳсил намуда, зери роҳбарии Равшан Каримов таълим мегирифт.
Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони мо бо гирифтани 23 медал — 12 медали тилло, 6 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ парчами Тоҷикистонро дар байни 15 давлати ҷаҳон, аз ҷумла: Ҳиндустон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Амрико, Туркия, Руминия, Грузия ва дигар мамлакатҳо боло бардоштанд.
Аз рӯи шумораи медалҳои тилло мактаббачаҳои тоҷик дар ин Олимпиадаи бонуфуз ҷои аввалро ишғол намуданд.
Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки 26 май баргузор гардид, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба ҳайси меҳмон ҳузур доштанд.











35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






