20 май дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор мегарданд

Май 19, 2018 09:02

ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари мамлакат сурат мегирад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол ин рӯз ба 20 май рост омада, он дар шаҳри Душанбе соати 08:00 оғоз мегардад.

Масофаи «Дави миллӣ» зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад. Иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.

Бояд зикр кард, ки иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ роҳандозӣ мешавад.

Инчунин, тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат дар ҳамин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ Марафони велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта маросими Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 51 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногун баргузор гардида, дар интиҳо ба ғолибон медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар Дави миллӣ   иштирок намуданд ва баъд аз он аз соли 2007 инҷониб Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ  баргузор мегардад.

Май 19, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд