5000 сомонӣ ҷарима барои тақдими сарупо ба хешу табор
ВАҲДАТ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат сокини ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ Акбаршо Акрамовро барои тақдими сарупо ба хешу табор дар туйи домодии писараш дар асоси моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди шаҳри Ваҳдат Зафар Қодирзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Тибқи талаботи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арус ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арус ва падару модари онҳо манъ аст. Вале сокини ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ Акбаршо Акрамов ба ин нигоҳ накарда ба хешу табор сарупои қимат харида, ҳамчун туҳфа тақдим намудааст.
Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат Сайдалӣ Ҳакимзода, дар 4 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр 1677 адад тӯю маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255 адад зиёд мебошад. Соли равон дар рафти санҷиши комиссияҳои ҷамъиятӣ 11 ҳолати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор карда шуда, ба суд пешниҳод гардид, ки то имрӯз 9 парванда баррасӣ шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






