ҶАҲИШИ БУЗУРГИ ҶАВОНОН БА СӮИ ПЕШРАФТ. Ёдкарди дастовардҳои онҳо дар Соли ҷавонон
ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз соли 1997 то инҷониб ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ бо намояндагони касбу кори гуногун ҳамсуҳбат гардид.
Варзишгари муваффақи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 Мавзуна Чориева:
-Ман ҳамчун як ҷавонони хушбахти даврони сохибистиқлолии мамлакат бо имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи варзиш фароҳам овардаанд, тавонистам чандин маротиба дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлати азизамро баланд бардорам. Имрӯз барои мо ҷавонон на танҳо дар ҷодаи варзиш, балки дар тамоми самтҳо шароит муҳайё гардидааст, то ки аз он имкониятҳо истифода бурда, номбардори Ватани маҳбубамон гардем. Аз ҳамаи ҷавонони мамлакат даъват ба амал меорам, ки биёед, дасти ҳам гирифта, бо донишу касбу ҳунар мусаллаҳ гардида, Ватанамон — Тоҷикистони азизро ба пешрафтатарин давлати дунё табдил диҳем.
Директори китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор:
— Бояд таъкид намуд, ки дар ягон кишвари дунё чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорие, ки нисбат ба ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад, ба мушоҳида намерасад. Имрӯз барои касбу илмомӯзии онҳо дари беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон кушода аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Барои онҳо беҳтарин гулгаштҳои фароғатӣ сохта мешавад. Соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардидану дар ин сол дар пойтахт бунёд гардидани «Боғи Ҷавонон» далели дигари хуштолеии ҷавони мамлакати мо мебошад. Ҷавонони тоҷик барои рушд кардан аз тамоми шароитҳо бархӯрдоранд.
Боиси хушҳолист, ки солҳои охир ҷавонони мо ба дастоварҳои беназир ноил мешаванд ва обрӯйи давлату миллати моро дар ҷаҳон боло мебаранд. Ҷавонони мамлакатро бо ин рӯз табрик мегӯям ва итминон дорам, ки онҳо бо фазлу хирад ва нангу номуси азалӣ барои боз ҳам пешрафти Тоҷикистон саҳми беназир мегузоранд.
Директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон:
— Имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавон, яъне ҷавонон ташкил медиҳанд ва нақши онҳо дар ҷомеа бараъло эҳсос мешавад. Ҳукумати мамлакат ба рушди ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки дар ин сол ҷавонони Тоҷикистон боз ҳам бо қадамҳои устувортар дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар гузоштанд. Яъне ин солро метавон ҷаҳиши бузурги ҷавонон ба сӯи пешрафт номид. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо аз ин ғамхориҳои Давлату Ҳукумат боз фаъолтар гаштанд ва меҳрашон ба Ватану майлашон ба ватансозӣ зиёдтар гардидаст.
Бояд гуфт, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолият, зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омад. Баъди 6 моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 марти соли 1992 «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» тасдиқ гардид. Дар заминаи қонуни мазкур чандин барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон қабул шуданд.
Бешубҳа татбиқи ҳамин барномаҳои давлатӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат аст, ки имрӯз ҷавонони мо на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам ба муваффақиятҳои зиёд ноил мегарданд. Рӯзи ҷавони Тоҷикистон барои ҳамватанон муборак бошад!.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






