«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» беҳтаринҳоро муайян менамояд

Май 21, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 21.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Муассисаи давлатии  «Душанбе — Плаза»  аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба кори худ   расман  оғоз  кард.

 Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»   хабар медиҳад,  чорабинии мазкур  мазкур  бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21 то 26 майи соли  равон баргузор гардида,  ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  мебошад.

Дар ин  Ҳафта    чорабиниҳои  гуногун  бо иштироки наврасону ҷавонон доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ,  ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ баргузор гардида, ҳамчунин доир шудани  конференсияи илмӣ-эъҷодӣ, Форуми наврасону ҷавонон ва  семинару тренингҳо дар назар дошта шудааст.

Дар чорабинии мазкур дар баробари хонандагону муаллимон, инчунин, олимону мутахассисон ва коршиносон низ иштирок мекунанд.

Май 21, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад