Ҳайати ҲХДТ дар Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ дар шаҳри Шинҷони Чин иштирок намуд

Май 28, 2018 10:08

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён дар аввалин Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки  26 майи соли равон дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Раъно Бобоҷониён зимни маърӯзаи хеш дар ин ҳамоиш  зикр кард, ки  ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанг дар  пешбурди ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ӯ ҳамоиши аввалин ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро дар фаъолияти ин созмон муҳим арзёби кард, зеро ин ҳамкориҳо барои таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амният дар минтақа ва қаламрави кишварҳои узви ин созмон мусоидат мекунад.

Пешниҳоди Раъно Бобоҷониён дар бораи он ки ҳамоиши бонувони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ баргузор гардад, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо камоли майл пазируфта шуд.

Дар Форум зиёда аз 200 нафар намояндагони беш аз 30 ҳизби сиёсӣ аз 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозири он ҳузур доштанд.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон дар кори Форум ду нафар намояндаи Ҳизби Коммунистӣ низ дар баробари ҳайати ҲХДТ даъват шудаанд.

 

Алӣ ҶӮРА,

                                                                                 аз шаҳри Шинҷони

                                                                             Ҷумҳурии Мардумии Чин

                                                                         махсус барои АМИТ «Ховар»

Май 28, 2018 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад