Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насриддин дар нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони «Арзишҳои исломӣ баҳри сулҳи устувор, ҳамбастагӣ ва рушд», ки 5-6 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Даккаи Ҷумҳурии Халқии Бангладеш баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, И. Насриддин дар суханронии хеш, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад». Зимнан таваҷҷуҳи ҳозирин ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда шуд.
Илова бар ин ишора гардид, ки дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз чораҳои эҳтиётӣ дар ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






