Айнӣ: Ҳалокати як зан бо се фарзандаш бар асари кандашавии шахпора

Май 22, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20  май дар деҳаи Марғзори  ноҳияи Айнӣ бар асари канда шудани шахпора як зани  30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расид.

Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дода, илова кард, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи мазкур  модар бо фарзандонаш  дар саҳро  машғули  корҳои саҳроӣ будаанд. Тифлони ҳалокшуда яке 8-сола, дуюмӣ 6-сола ва сеюмӣ 1-сола будаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл дар қисме аз роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент резиши санг ба қайд гирифта шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ  ҳавои номусоид то 24-уми май идома меёбад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар боришоти зиёди борон, номусоидии ҳаво ва хатари омадани селу резиши сангпораҳо аз сокинони ҷумҳурӣ  даъват  ба амал меорад, ки дар  чунин рӯзҳо аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок, аз ҷумла, лаби дарёҳо  ва  кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

 

Май 22, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад