Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ дар Минск баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар рӯзномаи ҷаласа банди алоҳида роҷеъ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ворид гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро доир ба рафти иҷрои Қарори Шӯрои намояндагони доимии Иттиҳод аз 18 апрели соли 2017 оид ба баланд бардоштани самаранокии дастгирии иттилоотии ИДМ ва роҷеъ ба рафти фаъолияти сомонаҳои мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон мутобиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки рӯзҳои 27 ва 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешниҳодҳо ба лоиҳаҳои рӯзнома мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар рафти ҷаласа Раиси Шӯро, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод таваҷҷуҳи иштирокдоронро оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва мақсади баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар баргузор мегардад, ҷалб намуд.
Дар ин робита Сафир аз ҳамаи намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати иштироки фаъоли намояндагони кишварҳояшон дар кори Конфронси мазкур даъват ба амал овард.








Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






