Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари расмӣ қарор дорад, аз Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Алекен Еминбахэ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллӣ ва «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.
Дар назар аст, ки меҳмонон пагоҳ аз майдони «Дӯстӣ», Боғи Устод Рӯдакӣ, Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 23 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






