«Амонатбонк» дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ бинои нави хизматрасонии бонкиро бунёд кард
ХОРУҒ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи дурдасти Будуни водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ акнун бидуни мушкил метавонанд музди меҳнат, нафақа, қарзи бонкӣ, ҳаволапулӣ аз дохил ва хориҷи кишварро саривақт дастрас намоянд. Бо кумаки молии Бонки давлатии амноатгузории /БДА/ «Амонтабонки»-и ҷумҳурӣ дар ин деҳа бинои хуштарҳу замонавии Маркази хизматрасонии бонкӣ ба истифода дода шуд.
Раиси ноҳия Давлатбибӣ Раҷабова зимни ифтитоҳи ин марказ ба роҳбарияти БДА «Амонатбонк» барои ҷудо кардани 96 ҳазор сомонӣ ҷиҳати бунёди чунин бинои замонавӣ ва ба масъулини ҶДММ «Махсум» барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори миннатдорӣ баён кард. Зикр гардид, ки деҳаи Будуни водии Язгулом аз маркази ноҳия ва ҷамоат фарсахҳо дур буда, сокинони он ба хусус нафақахӯрон, ки теъдодашон то ба 400 нафар мерасад, ҳангоми гирифтани нафақа ё ҳаволапулиҳо аз дохил ва хориҷи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло ин мушкили онҳо осон шуд. Акнун бошандагони деҳа ба ҷузъ музди меҳнату нафақа ҳамчунин аз ин марказ қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат гирифта, барои боло бурдани сатҳи зиндагии худ истифода мебаранд.
Раиси ноҳия аз дастовардҳои замони истиқлол ёдовар шуда, изҳор намуд, ки дар паи ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба ин водӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо мардум дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти бошандагони деҳа ба вуқӯъ мепайваст. Танҳо дар даҳсолаи охир чандин биноҳои маъмурию маишӣ, таълимию тандурустӣ, неругоҳҳои хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






