«ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 16, 2018 09:21

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як зумра чорабиниҳоро баргузор намояд.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   аз 10 то 23 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию  варзишӣ ва солимгардонӣ  бахшида ба ин рӯз  таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!»   баргузор мегарданд.

Дар ин рӯзҳо ҳамчунин чорабинии маърифатӣ ва ахлоқии «Дарҳои кушод»  барои ҷавонон дар вазорату идораҳо, аксияҳои ҷумҳуриявии «Пиёдагардӣ ба нафъи саломатӣ», «Биёед китоб мехонем!», «Саломатии миллат — боигарии давлат» дар боғҳо ва маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе,  Конференсияи илмию амалӣ ва назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Натиҷагирӣ аз соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон:  дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии  ҷавонон  дар давраи соҳибистиқлолӣ», фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки  дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!», рӯзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо ва аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва ҷавонони камбизоат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – ғамхори мо ҷавонон» баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки аз  соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Май 16, 2018 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад