БАР ВАТАН СОДИҚЕМ! Дар вилояти Суғд сафи ихтирёриён ба хизмати ҳарбӣ меафзояд

Май 12, 2018 12:20

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 85 фоиз иҷро шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин шумора то 10 май ба қайд гирифта шуда, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бӯстон, Гулистон, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристон нақшаи муқарраршударо пурра иҷро намудаанд ва дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дорад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд гардидани маърифати фарҳангию ҳуқуқии шаҳрвандон ва боварии неки ҷавонон нисбат ба сиёсати  хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   рӯз то рӯз  сафи ҷавонони ба таври ихтиёрӣ ба хизмат раванда меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 12 марти соли 2018, қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, дар ин раванд корҳои тарғиботию сафарбаркунии ихтиёриён- наваскарон идома дорад.

 

 

Май 12, 2018 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад