Бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- бинои озод аз тамоку эълон гардид

Май 31, 2018 17:20

ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  эълон намудани бинои вазорат ҳамчун «Бинои озод аз тамоку» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба роҳ монда шуд.

Нашри нави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» 2 январи соли равон аз ҷониби Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Мақсад аз қабули шарҳи нав кам намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку миёни аҳолии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи солимии миллат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин мақомоти давлатие мебошад, ки бинои марказии худро ҳамчун «Бинои озод аз тамоку» эълон намуд.

Май 31, 2018 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад