Боздиди муовини Вазири корҳои хориҷии Умон Муҳаммад ал – Зарафӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3 — 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муовини Вазири корҳои хориҷии давлати Умон Муҳаммад ал – Зарафӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмию методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод, ба меҳмонон аз ҷониби директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва кормандони осорхона дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Экспозитсияи шуъбаи табиати Осорхона бо иникоси минералҳои қиматбаҳо, ҳайвоноту наботот, диорамаҳои парваришгоҳу мамнуъгоҳо меҳмононро бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос намуд. Сайри осорхонавӣ бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.
Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар ёдгориҳои таърихии замони Сомониён, махсусан ҳунари кандакории рӯи чӯб ва машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик «Меҳроби Искодар» ба худ ҷалб намуданд.
Пас аз тамошои осорхона Муҳаммад ал — Зарафӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






