Чемпионати Осиё: варзишгари тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова сазовори медали биринҷӣ гашт
ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (WT) сазовори медали биринҷӣ гардид. Чемпионати мазкур 26 май дар шаҳри Хошимини Ветнам шурӯъ гардида, имрӯз анҷом меёбад.
Тавре аз Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни 73 кг миёни бонувон дар даври муқаддамотӣ ба варзишгари Индонезия Нанда Фернандиа ва варзишгари Камбоҷа Сеавмей Сорн пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар даври нимфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйери Оҳ, ки ғолиби ин вазн шуд, мағлуб гардида, ҷои сеюмро сазовор гашт. Ҷои дуюми вазни мазкур насиби варзишгари Чин Чен Лӣ ва як ҷои сеюми дигар насиби варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Да-Бин Лӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳисоби даставӣ тими Кореяи Ҷанубӣ бо 6 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гашт. Варзишгарони Чин, ки 2 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд, ҷои дуюм ва варзишгарони Ӯзбекистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






