Чор кӯдаки ноболиғ аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик субҳи 26 майи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар чор кӯдаки ноболиғро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






