Дар Агентии «Тоҷикстандарт» озмоишгоҳи беҳтарини эталонҳои вазн дар Осиёи Миёна ба истифода дода мешавад

Май 19, 2018 09:55

ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи дуюми соли равон дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмоишгоҳи эталонҳои вазн, ки дар Осиёи Миёна яке аз беҳтаринҳо арзёбӣ мегардад, ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки   Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон РАҲИМЗОДА дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии метрологҳо, ки ҳамасола 20 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти номбурда, озмоишгоҳи қаблии эталонҳои вазни Агентии мазкур дар солҳои 70-80-уми асри 20 бунёд гардида буд. Бинобар сабаби фарсуда ва корношоям шудани он таҷдиди пурраи он пеш омад. Дар айни замон сохтмон ва навсозии озмоишгоҳи эталонҳои вазн бо истифода аз масолеҳи сохтмонии давлати Германия  идома дошта, баъди анҷоми он хадамоти метрологии Агентӣ метавонад дар муқоисаҳои байнилаборатории байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Аз ҳама муҳим, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он, Агентӣ имконият пайдо мекунад, ки ченаки ягонаи ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯро таъмин намояд.

Ҷӯрахон Раҳимзода ҳамкории хадамоти метрологии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро бо дигар институтҳои метрологии хориҷи кишвар, аз ҷумла Институти физико-техникии Германия, институтҳои  миллии метрологии  Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон ва Ўзбекистону Қирғизистон махсус таъкид намуда, зикр кард, ки озмоишгоҳи эталонҳои вазн низ дар асоси Созишномаи ҳамкории метрологӣ аз ҷониби Институти физико-техникии Германия  бунёд ва навсозӣ мешавад.

Зикр гардид, ки ҳамкории Агентии «Тоҷикстандарт» бо Институти физикӣ-техникии Германия ҳанўз аз соли 2005 тибқи Созишнома, ба роҳ монда шудааст. Тайи ин солҳо коршиносони  институти мазкур бо назардошти баргузор намудани семинар-машваратҳои омўзишӣ доир ба масъалаҳои метрологӣ барои такмил додани донишҳои соҳавӣ ва тахассусии мутахассисони Агентӣ саҳм гузоштаанд.

Ҳамзамон, чанд сол қабл бори аввал дар доираи ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе муқоисаи байнилаборатории эталонҳои вазни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физикӣ-техникии Германия гузаронида шуд.

Илова бар ин коршиносони Институти мазкур барои калибровкакунонии 6 адад эталонҳои  миллии  Тоҷикистон дар соҳаи ченкуниҳои ҳароратӣ мусоидат намудаанд.

«Яке аз самтҳо асосии фаъолияти Институт ин гузаронидани дарсҳои омўзишӣ оид ба ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла стандарти ИСО/МЭК 17025 ва ИСО/МЭК 17011 дар соҳаи метрология ва аккредитатсия мебошад. Дар ин раванд бо ҷалби коршиносони Институт калибровкакунонии воситаҳои ченаки вазн ва ҳарорат амалӣ карда шуданд»,-иброз намуд сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода.

 

Май 19, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад