Дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон роҳҳои барқарорсозии робитаҳои оилавиро баррасӣ карданд

Май 30, 2018 15:42

ДУШАНБЕ, 30.05.2018./АМИТ«Ховар»/. Масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар як оила ва ба анъанаи нек табдил ёфтани корҳои хайру савоб дар байни ҷомеа аз мавзӯъҳои меҳварие буданд, ки аввали моҳи равон дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, имрӯз дар партави ин мулоқот оид ба барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои кормандони воситаҳои ахбори омма ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад дар бораи сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо, барқарор намудани робитаҳои оилавӣ байни аъзои хонаводае, ки якдигарро гум кардаанд ва маслиҳатҳои мутахассис ба ин оилаҳо изҳори назар карда шуд.

Зимни ҷамъомад намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки яке аз самтҳои фаъолияти ҶҲАТ- ин кумак расонидан ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида мебошад.

«Тавре ҳамаи мо шоҳидем, боришоти зиёди рӯзҳои охир дар баъзе навоҳии мамлакат боиси хисороти зиёди молӣ гардиданд. То имрӯз мо аз 3 нафар раисони ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати расонидани кумак мактуб қабул намудем, ки имрӯз ба онҳо кумаки яквақтаина, аз қабили пӯшокӣ ва хайма ёрӣ расонида мешавад»,-иброз дошт роҳбари дастгоҳи ҷамъияти мазкур Назир Азимзода.

Номбурда дар хусуси пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сухан карда, гуфт: «Солҳои охир ин масъала дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, барои пешгирии ин ҳолат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва манъ кардани никоҳи хешутаборӣ аз ҷумлаи тадбирҳои роҳандозинамудаи ҳукумати мамлакат мебошанд, ки садди роҳи  ҷудошавии оилаҳо мегарданд».

Зикр шуд, ки барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» тайи чанд соли амали худ тавонист як зумра корҳои назаррас анҷом дода, миёни якчанд нафар узви хонавода, ки якдигарро гум карда буданд, дар ҳамкорӣ ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва шарикон робита барқарор намояд.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади мазкур ба хотири ба воситаи намояндагони ВАО ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар партави мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи мамлакат дар доираи моҳвораи ин ҷамъият, ки тайи чанд соли охир аз 1 то 31 май  гузаронида мешавад, баргузор гардид.

Май 30, 2018 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд