Дар ду моҳи охир тақрибан 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» аз кишварҳои якдигар дидан намуданд

Май 1, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Баъди боз шудани гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа», воқеъ дар марзи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дар ду моҳи охир тақрибан 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи он аз ҳарду давлат дидан кардаанд. Ин маълумотро сардори гузаргоҳи сарҳадии мазкур Зафар ШАРИФОВ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ, ки бо сафари корӣ дар ин минтақа қарор дошт, иброз намуд.

Ба иттилои номбурда, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна то 2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи ин гузаргоҳ ба давлатҳои якдигар сафар менамоянд. Шумораи хоҳишмандон аз як тараф ҳамарӯза аз 500 то 1000 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки масофаи гузаргоҳ 330 метрро ташкил дода, дар он нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарӣ-карантинӣ ва назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ низ фаъолият мекунанд. Дар ин нуқта назорат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, дар он камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири пайваст ба низоми ягонаи марказӣ насб гардидаанд. Тартиби назорати як шиноснома як дақиқаро дар бар мегирад. Дар нуқтаҳои назоратӣ гӯшаҳои ахборнома ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шаҳрвандони ҳарду ҷониб ташкил гардидаанд.

Сардори гузаргоҳи сарҳадии мазкур Зафар Шарифов иброз дошт, ки теъдоди сайёҳони хориҷӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта, дар як рӯз то 50 — 60 нафарро ташкил медиҳад.

«Бо назардошти ин роҳбарият тасмим гирифтааст, ки аз аввали моҳи май дар гузаргоҳи мазкур нуқтаи назорати шиносномавии шаҳрвандони хориҷиро ба роҳ монад. Ҳамчунин дар ояндаи наздик бо ташаббуси роҳбарият ва масъулини Қӯшунҳои сарҳадӣ шумораи нуқтаҳои назорати марзӣ ва сарҳадчиён зиёд карда мешавад ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ барои пиронсолону маъюбон мошинҳои махсуси мусофирбарӣ ташкил мегардад»,-илова намуд ӯ.

Дар гузаргоҳи сарҳадии мазкур, ки мақоми байналмилалиро доро мебошад, корҳои ободониву кабудизоркунӣ низ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» яке аз гузаргоҳҳои сарҳадиест, ки сайёҳон тавассути он ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Ба гуфтаи Зафар Шарифов,  гузаргоҳҳои сарҳадӣ дарвозаи давлат ба шумор мераванд ва аз ин хотир дар баробари истиқболи гарм бояд ободу зебо низ нигоҳ дошта шаванд. Имсол, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ дар назар аст. Бинобар ин дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ эътибори бештар дода мешавад. Ҳамзамон дар назар аст, ки бо дастури Пешвои миллат дар назди ин гузаргоҳ як меҳмонхонаи замонавӣ ва терминали мусофиркашонӣ сохта, ба истифода дода шаванд.

Ҳамчунин зимни суҳбат бо сардори гумруки Панҷакент Дилмурод  Рашидов маълум гардид, ки то имрӯз ягон шахси шубҳанок ва молу маҳсулоти ғайристандартӣ аз ҷониби шаҳрвандони ҳарду давлат ворид нашудааст. Дастгоҳҳои ин нуқтаи назорати гумрукӣ ҳам ба системаи ягонаи марказӣ пайваст буда, тамоми амалҳо сабт ва таҳти назорат қарор доранд. Ҳангоми муоина маълум гардид, ки шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон маҳсулоти техникӣ, ба монанди телевизору компютер ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ ворид мекунанд.

Вориди мошинҳои сабукрав аз тарафи Ӯзбекистон дар баробари шаҳрвандон зиёд ба чашм мерасад, ки таҳти назорати сохторҳои дахлдор қарор доранд. Ҳангоми ворид шудани мошинҳо аз ҷониби Ӯзбекистон аз тарафи кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ амалиёти зидди эпидеитологӣ бо тадбирҳои махсус ҷараён мегирад.

Сокинони шаҳри Панҷакент Ашӯрбой Эгамов ва Норинисо Эгамова, сокини ноҳияи Ургут Умед Азимов, шаҳри Самарқанд Сурайё Содиқова, шаҳри Бухоро Шӯҳрат Раҳимов ва чандин нафарони дигар, ки тавассути ин гузаргоҳ мегузаштанд, аз сатҳи хизматрасониҳо ва муомилаи хуши кормандони мақомоти сарҳадӣ изҳори хушнудӣ карда, ба Роҳбарони олии ҳарду давлат миннатдории худро баён намуданд.

Ба андешаи онҳо, кушода шудани сарҳад, ки  онро мардумони ҳарду мамлакат дер боз интизор буданд, рафту омадро ба таври чашмгир осон намуда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа», воқеъ дар марзи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 марти соли 2018 бо иштироки роҳбарони ҳарду вилоят расман боз шуда, шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.

Май 1, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад